Якшанбе, 05.05.2024
Abdusamad A.Nazarov
Меню сайта
Наш опрос
Сайти маро бахо дихед
Чавобхо хамаги: 44
Главная » 2010 » Май » 5 » Ҳалокати се нафар аз тазоҳуротгарон дар Афина
Ҳалокати се нафар аз тазоҳуротгарон дар Афина
21:49

Бар асари оташсӯзӣ дар бинои яке аз бонкҳои шаҳри Афина - пойтахти Юнон дар ҷараёни тазоҳуроти мардуми ин кишвар алайҳи тарҳи зиддибӯҳронии ҳукумат се нафар кушта шудааст.

Ба иттилои хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса тақрибан 20 каси дигар аз имкони бино берун шудан аз бинои оташгирифта маҳрум мондаанд. Намояндагони хадамоти оташнишонии Юнон хабар додаанд, ки аз бинои оташзада дасти кам чаҳор нафарро берун кардаанд. 

Имрӯз даҳҳо ҳазор нафар дар муқобили порлумони Юнон ба барномаи сарфаҷӯии давлат эътироз мекунанд. Онҳо алайҳи барномаи афзоиши молиёт, коҳиши нафақаи бознишастагон ва моҳонаи коргарон дар пайи бӯҳрони амиқи молӣ корпартоӣ эълон кардаанд.

Дар ин тазоҳуроти эътирозӣ бо даъвати иттиҳодияҳои коргарӣ коркунони бахшҳои давлатӣ низ ширкат доранд.

Субҳи имрӯз полиси Афина алайҳи роҳпаймоёне, ки мехостанд вориди бинои порлумони кишвар шаванд, аз гази ашковар истифода кардааст. 

Дар Юнон аз рӯзи 5-уми май коршикании умумимиллӣ эълон шудааст ва дар дигар шаҳрҳои бузург низ намоишҳои эътирозӣ идома доранд. 

Айни ҳол қарзи Юнон аз марзи 300 миллиард евро убур кардааст. Имрӯз Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз тасмими ҳукумат дар робита ба тахсиси 22 миллиард евро барои Юнон пуштибонӣ кард. 

Дар маҷмӯъ кишварҳои Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул ба Юнони ғутида дар бӯҳрони молӣ ба маблағи 110 миллиард евро қарз хоҳанд дод. 

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ноком шудани нақшаи кумаки молиявӣ ба Юнон барои ҳама кишварҳои аврупоӣ пайомади манфӣ хоҳад дошт.
Просмотров: 715 | Добавил: abdusamad | Рейтинг: 0.0/0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа
Календарь новостей
«  Май 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШнЯш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Поиск
Друзья сайта
Статистика

Онлайн хама: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарандагон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Конструктор сайтов - uCoz