Якшанбе, 05.05.2024
Abdusamad A.Nazarov
Меню сайта
Наш опрос
Сайти маро бахо дихед
Чавобхо хамаги: 44
Главная » 2009 » Январ » 8 » Ҳиҷоб, ё либоси миллии тоҷикӣ
Ҳиҷоб, ё либоси миллии тоҷикӣ
06:30
Дар ҷомеаи имрўзаи мо назар ба солҳои пешина сафи занҳои ҳичобпўш ба маротиб афзуда истодааст. 

Занҳои мусалмони мо аз оне, ки бадани урён гарданд, чунин бошанд, хуб ҳам ҳаст. Лекин баъзеҳо аз рўи ҳавову ҳавас бошад, ё ин,ки домуллозода ҳастанду ҳама аъзои оила бо супориши пири хонавода маҷбуранд, сатру ҳиҷоби исломи ба бар кунанд. Занҳое, ки либоси мазкурро ба бар кардаанд, дар кўчаву пасткўчаҳо бояд байни занҳои дигар бо одобу рафтор ва хислатҳои хубашон намуна бошанд, на он, ки либоси дар бар доштаашонро аз ёд бароранду дар байни тўдаи мардон қоҳ-қоҳ зада ханданд, ё касеро дашномҳои қабеҳ диҳанд. Инҷо барои тасдиқи фикр, як мисоли оддие, ки ҳафтаи гузашта дар дохили микроавтобус рух дод оварданием, ки нахостем аз ин мушкилоти доғи рўз худро барканор гирифта бошем.
  Рўзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта баъди фориғ шудан аз кор ҷониби шаҳри Чкалов ба хонаи дўстам равона гардидам. Аз истгоҳи назди бозори Паҷшанбе тўдаи зиёди мардуми синну соли гуногун дохили микроавтобус гардиданд. Даруни мусофирбар пур аз одам шуд, ҳатто қисме аз мусофирон рост истода рафтанд ба ҳам рози шуданд. Хулоса мусофирбар ба роҳ даромад. Бар мобайни мусофирбар ду зан низ дар қатори дигар мусофирон рост истода мерафтанд, ки тахминан синну солашон якеаш 25-26 сола бошад, дигаре 30-32 менамуд. ҳарду ҳам дар бар сару тани исломи сатру ҳиҷоб доштанд. Дар аввал ҳарду бо якдигар паст-паст чизе гуфта механдиданд. Мусофире овоз баровард, ки дар назди бинои Лаъл доред. Онҷо се нафар мусофирон фаромаданд. Он ду зани ҳиҷобпўш ба ҷойи онҳо нишастанд. Баъди дубора ба роҳ даромадани мусофирбар онҳо ҳарду бо ҳамдигар баланд-баланд гапзанон механдиданд, ки ба мардуми дохили микраавтобус буда ин манзараи хузнангез менамуд. Якеаш, ки сину солаш аз дигаре каме хурдтар менамуд, ба ҷониби мусофирон нигоҳ карда механдид. Дар паҳлўи банда як ҷавоне менишаст, ки қади дароз дошту дар дасташ ду китоб ва чанд то дафтар . Ба сўи ман нигоҳ карда гуфт: «Эй бародар ана ҳамон духтараки ҳичобпўш бисёр хандида истай. Агар дар берун вомехўрд ду даҳан гапи хушрўш мегуфтум. Аз чашмонаш алов парида истай хаёлуш чавони медидагиша бихрад. Садқаи ҳаминқадар либоси хушрў шава. Он либосуш чашмонша кур бикнад. Наход, ки духтари мусалмон чунин боша. Хандакарда дар ҷойҳои ҷамъияти обрўи занҳои ҳиҷобпўшра мерезона. Чунин боша чида ҳамин либоса ба баруш мегира. Ман ҳайронум ». Баъди нафраташро қисса кардан он чавон худро Фарҳод муаррифи кард. То бора ба шаҳри Чкалов наздик мешудем, лекин қоҳ-қоҳи хандаи онҳо баланд мешуду паст не. Пас худ қазоват кунед, ки оё чунин рафтори онҳо хуб ва дар доираи ахлоқ буд, бо ҳамон либосе, ки ба бар карданд? ҳамчунин мардуми онҷо ширкатдошта минбаъд занони ҳиҷобпўшро чигуна дидан мехоста бошанд?...
  Албатта мо низ тарафдор ҳастем, ки чунин тоифаи занон дар ҷомеа бештар гарданд. То ба он занҳое, ки либосҳои аврупои мепяўшанду бадани худро байни ўмардон намоиш дода мегарданд, намуна мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон либоси миллии тоҷикиро бар сатру ҳиҷоби исломии сохти хориҷӣ тарҷеҳ медиҳад. Албатта чунин шавад хуб низ мешавад барои аз нав зинда гардонидани либоси миллии тоҷикӣ.Сари ин масъала хостем то бо мардон ва бонувони синну сол ва касбу кори гуногун ҳамсўҳбат гашта бошем. 
  Як нафар бону аз шаҳри Хуҷанд, ки худро Ситора муаррифи карду синнаш 32-сола асту дар бозори Панҷшанбе фурўшанда мебошад,мегўяд; «Ман низ мехостам мисли дигар занҳо сатру ҳиҷоб дошта бошам, лекин кўшиш кардаму натиҷае надод. Чанд, маротиба аз шавҳарам хоҳиш кардам, то сатру ҳиҷоб ба бар созам чунки зани мусалмон бо чунин либос зеботар мешавад ва орзуи деринаам буд. Шавҳарам розигӣ надод».
  Шўҳрат аз шаҳри Исфара 23 сола бо шуғли деҳқони машғул аст, мегўяд; «Алҳамду лилоҳ мо низ мусалмонем ва бояд, занҳои мо доимо дар бар сару тани исломи дошта бошанд. Дар оилаи мо аз модарам саркарда ҳама хурду калон шукри Худованд намозхонан ва дар тан либоси исломи ба бар кардаанд. Албатта либоси миллии тоҷики ҳам хубтарин либос маҳсуб мешавад. Фақат Худованд ба занҳои мо тавфиқу инсоф диҳад ».
  Шарофат-хола аз ноҳияи Ашт 68-сола нафақахўр; « Имрўз баъзе занҳое ҳастанд, ки худ бероҳа ҳастанду барои зебогӣ бошад, ё ҳавову ҳавас сатру ҳиҷоб ба бар мегиранд. Ман аз занҳое, ки иззату эҳтироми ин либоси исломиро то ба ҷояш бурда намерасонанд, хоҳиш доштам хуб мешуд аз рўзи аввал пеш аз ба бар карданашон хубтар андеша мекарданд. Чаро занҳои мо имрўз мисли занҳои хориҷи либос мепўшанд, оё хориҷиҳо либоси миллии моро мепўшанд?».
  Дилшод аз шаҳриЧкалов 38-сола ронандаи микраавтобус; « Барои ман фарқ надорад».
  Муҳаммадҷон аз ноҳияи Ғончӣ 21-сола донишҷў дар шаҳри Хуҷанд; « Ман аслан намехоҳам, то духтарони ҷавон ин либосро ба бар созанд. Тарафдори онам, ки либоси миллиро дар бар дошта бошанд. Барои он, ки ҷавондухтареро дидам бо либоси исломи бо ҷҷавоне дар кўча якдигрро бўсакарда мерафтанд. ҳама атрофиён бо чашми нафрат ба онҳо менигаристанд. Хубтар мешуд, сатру ҳиҷобро духтарон неву балки занҳои 38-40 сола ба бар мекарданд, то ҳурмати либоси ба бар доштаашонро ҳаматарафа нигоҳ медоштанд».
  Фарзона аз ноҳияи Б.Ғафуров 35 сола хонашин; «Намехоҳам он либосро ба бар гирам. Либоси миллиамон ҳаст-ку. Исломро бо дил дўст медорам на бо сару либос».
  Умрӣ аз ноҳияи Б.Ғафуров 47 сола хонашин; «Ба ман ҳиҷоб маъқул аст, лекин фарзандонам ва шавҳарам розӣ намешаванд, то онро бипўшам».
  Шаҳноза аз шаҳри Қайроқум 22 сола донишҷў; «Мехоҳам танҳо либосҳои аврупои бипўшам ба ман писанд аст. Бояд аз замона қафо набошем, ҳамқадами замона будан хубтар аз фаранҷӣ нест»…
  Мо низ тарафдори онем, то сафи занҳои худотарс дар ҷомеаи имрўза зиёд гарданд. Чунки маҳз зан-модар ҳасту ҳаёт идома ёфта истодааст. Зан сарчашмаи ҳаёт мост ва аз Худованд дар талаби онем, ки оби ин сарчашма доимо софу буғубор бошад.


Просмотров: 1113 | Добавил: abdusamad | Рейтинг: 0.0/0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа
Календарь новостей
«  Январ 2009  »
ДшСшЧшПшЧмШнЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Поиск
Друзья сайта
Статистика

Онлайн хама: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарандагон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Конструктор сайтов - uCoz